Номаи Павлус
ба
Филемӯн Пешгуфтор
1
Павлус ба Филемӯн ва ҷамъомади хонагии ӯ салом мерасонад.
1 Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамхизмати мо! Ман Павлус, ки бандии Исои Масеҳ ҳастам, ҳамроҳи бародари имондори мо Тимотиюс ба ту 2 ва ба имондороне, ки дар хонаат ҷамъ мешаванд, салом мерасонем. Ҳамчунин, ба хоҳари имондори мо Апия ва ба ҳамсафи мо Архипус саломи моро бирасон. 3 Бигзор файз ва осоиши Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳ бар шумо бод!
Павлус дар бораи меҳру имони Филемӯн менависад
4 Ман ҳамеша туро ба ёд оварда, дар дуоҳоям Худои худро шукр мегӯям, 5 зеро шунидам, ки ту — Филемӯн муқаддасони Худоро дӯст медоштаӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ имон доштаӣ. 6 Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ,*Дар баъзе нусхаҳои юнонӣ «дорем» омадааст. афзун намояд. 7 Бародар Филемӯн, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили муқаддасон қувват бахшидӣ.
Павлус аз Филемӯн дар бораи Онисимус хоҳиш мекунад
8 Алҳол дар имон, ки ба Масеҳ дорем, метавонистам далерона ба ту кореро бифармоям. 9 Лекин баҳри муҳаббати мо ҳамчун Павлуси пир ва шахсе, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ аст, аз ту танҳо хоҳиш мекунам. 10 Хоҳиши ман дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард. 11 Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор†Маънои номи Онисимус «даркор» ё «фоиданок» аст. аст. 12 Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам‡Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам — дар баъзе нусхаҳо Ӯро чун ҷони ман қабул намо омадааст.. 13 Хеле мехостам, дар наздам бошаду, ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад. 14 Аммо нахостам бе розигият коре бикунам, то некии ту на ба тарзи маҷбурӣ, балки бо хости ту бошад. 15 Шояд Онисимус барои ҳамин муддате аз ту ҷудо карда шуда бошад, ки сипас то абад бо ту монад. 16 Лекин акнун на чун ғуломи ту, балки хеле беҳтар аз ғулом, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст.
17 Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро чун ман қабул намо. 18 Агар пеши ту хатое карда бошад ё қарзе дошта бошад, онро ба ҳисоби ман гузарон. 19 Инак, ман, Павлус, бо дасти худ ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ. 20 Бале, бародар Филемӯн, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ§Дар баъзе нусхаҳои юнонӣ «Худованд» омадааст. қувват бубахш! 21 Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Бинобар ин, ба ту менависам, зеро медонам, ки барои ман аз хоҳишам бештар хоҳӣ кард. 22 Боз як хоҳиши дигар дорам: барои ман ҳуҷрае омода намо, зеро умед дорам, ки ба сабаби дуоҳои шумо ба наздатон бозгардам.
Саломҳои ниҳоӣ
23 Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст, 24 ҳамчунин ҳамкоронам: Марқӯс, Ористархус, Димос ва Луқо ба ту салом мегӯянд. 25 Хайр, файзи Худованд*Дар баъзе нусхаҳо «Худованди мо» омадааст. Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод†Дар баъзе нусхаҳо нома бо «Омин» тамом мешавад.!
- a Дар баъзе нусхаҳои юнонӣ «дорем» омадааст.
- b Маънои номи Онисимус «даркор» ё «фоиданок» аст.
- c Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам — дар баъзе нусхаҳо Ӯро чун ҷони ман қабул намо омадааст.
- d Дар баъзе нусхаҳои юнонӣ «Худованд» омадааст.
- e Дар баъзе нусхаҳо «Худованди мо» омадааст.
- f Дар баъзе нусхаҳо нома бо «Омин» тамом мешавад.