1 Исо ба онҳо боз ин тавр гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, чанд нафароне, ки дар ин ҷо ҳастанд, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон бо тамоми қудрат омадани подшоҳии Худоро мебинанд».
5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, бароямон хуб аст, ки ин ҷо бошем. Биёед се хаймае месозем, яке барои Шумо, дигаре ба Мӯсо ва боз ба Илёс». 6 Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд. 7 Баъд абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва овозе аз он шунида шуд: «Ин Писари азизи Ман аст, суханони Ӯро гӯш кунед». 8 Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд.
9 Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то аз нав зинда шудани Фарзанди Инсон аз он чӣ дидаанд, ба касе чизе нагӯянд. 10 Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «аз нав зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд.
11 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»
12 Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад. 13 Аммо дар бораи Илёс мегӯям, ки ӯ омада буд ва айнан ҳамон тавре, ки дар бораи ӯ навишта шуда буд, дар ҳаққи ӯ ҳар чӣ ки хостанд, карданд».
16 Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?» 17 Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. 18 Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро бигирад, ӯро бар замин мезанад ва даҳонаш кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Шумо хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».
19 Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай ҳамроҳи шумо бошам ва то кай ҳамаи шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20 Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. 21 Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. 22 Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Ба мо раҳм кунед ва агар илоҷашро ёбед ба мо мадад кунед».
23 Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам“? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». 24 Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ диҳед, ки имонам қавитар гардад».
25 Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок амр кард: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» 26 Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. 27 Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28 Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29 Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо[a] берун карда мешавад».
32 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
36 Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта, ба шогирдонаш гуфт: 37 «Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад. Ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки фиристандаи Маро қабул мекунад».
39 Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман мӯъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд. 40 Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост. 41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, ҳаргиз бе мукофот нахоҳад монд».
43-44 Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду даст дошта бошию ба оташи дӯзах афтӣ.[b]
45-46 Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як по буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду по дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ.[c]
47 Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию ба подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба дӯзах партофта шавӣ, 48 „ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“.
49 Чун ҳар кас бо оташ намакин мешавад.[d] 50 Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».
<- Марқӯс 8Марқӯс 10 ->- a 9:29 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «бо дуо ва рӯза» омадааст.
- b 9:43–44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).
- c 9:45–46 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад» (Ниг. ояти 48).
- d 9:49 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «ва ҳар қурбонӣ бо намак намакин карда мешавад».