6 Вақте ки ӯ Исоро аз дур дид, давон-давон ба наздаш омада саҷда кард. 7-8 Исо ба вай фармон дод: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав». Вай бошад, бо тамоми овозаш фарёд зада гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Аз барои Худо маро азоб надеҳ!»
9 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». 10 Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад.
11 Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид. 12 Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем». 13 Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд.
14 Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. 15 Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд. 16 Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд. 17 Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад.
18 Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад. 19 Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард». 20 Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.
25 Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт. 26 Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд.
27-28 Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд. 29 Худи ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.
30 Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»
31 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинед, ки ба Шумо аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсед, ки ба Шумо кӣ даст расонд?»
32 Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад. 33 Зане, ки аз шифоёбиаш огоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва худро пеши пойҳои Ӯ партофта, ҳақиқати ҳолро нақл кард. 34 Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»
35 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфтанд: «Духтаратон гузашт. Ба заҳмат додани устод дигар ҳоҷате нест».
36 Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». 37 Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.
38 Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд. 39 Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».
40 Бо шунидани ин суханон мардум ба ҳолаш хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад. 41 Исо дасти беморро гирифта гуфт: «Талита қуми!», ки маънояш «Эй духтар, бархез!» аст. 42 Он духтар, ки дувоздаҳсола буд, зуд бархест ва ба роҳ гаштан даромад. Онҳо аз дидани ин дар ҳайрат монданд. 43 Исо онҳоро ҷиддӣ таъкид карда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳиш кард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд.
<- Марқӯс 4Марқӯс 6 ->