6 Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: 7 «Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшида наметавонад».
8 Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред? 9 Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“ 10 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: 11 «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав».
12 Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»
15 Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд.
16 Баъзе шариатдонон, ки фарисӣ буданд, Исоро бо «гунаҳкорону» андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?»
17 Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
19 Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд? 20 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд.
21 Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқ намекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад. 22 Инчунин касе шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чун бирезад ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи машк аз кор мебарояд. Бинобар ин шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд».
25 Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард? 26 Вақте ки Абётор сарвари рӯҳониён буд, Довуд ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд».
27 Боз давом дод: «Рӯзи истироҳат барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи истироҳат. 28 Бинобар ин Фарзанди Инсон соҳиби ҳатто рӯзи истироҳат аст».
<- Марқӯс 1Марқӯс 3 ->