2 Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатон мегӯед».
3 Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. 4 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». 5 Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.
6 Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. 7 Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст. 8 Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. 9 Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?» 10 Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
11 Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд. 12 Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»
13 Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»
14 Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
15 Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
27-28 Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.[b]
29 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ Хонаи Худоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз нав созӣ, 30 пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатро наҷот деҳ?»
31 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. 32 Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд.
38 Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. 39 Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!»
40 Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. 41 Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд.
45 Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. 46 Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. 47 Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.
<- Марқӯс 14Марқӯс 16 ->