4 Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин атри пурқиматро исроф кард? 5 Ин атрро ба маблағи зиёда аз сесад динор*14:5 Динор — ниг. 6:37. фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.
6 Вале Исо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш гузоред, чаро ӯро ташвиш медиҳед? Вай бароям кори калон кард. 7 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.
8 Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Ӯ атрро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд. 9 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».
13 Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед ва мардеро мебинед, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед. 14 Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонад?“ 15 Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед».
16 Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамон тавре, ки Исо гуфта буд, шуд ва онҳо хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
17 Бегоҳирӯзӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад. 18 Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад».
19 Онҳо хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Мабодо ин ман набошам?» 20 Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро бо Ман дар як коса тар карда истодааст.
21 Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».
23 Пас косаро гирифта, шукри Худоро карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. 24 Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст, ки барои тасдиқ кардани аҳди Худо ба хотири одамони зиёде рехта мешавад. 25 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки акнун Ман аз меваи нави токи ангур фақат дар подшоҳии Худо хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
26 Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.
29 Петрус гуфт: «Ҳарчанд ки ҳама пайравӣ кардани Шуморо бас кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».
30 Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз, худи ҳамин шаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
31 Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агар ҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шуморо инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.
35 Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд. 36 Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад».
37 Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ ба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ? 38 Бедор бимонед ва дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».
39 Пас, боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард. 40 Бори дигар баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо сахт хоболуд буданд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.
41 Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад. 42 Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад».
45 Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. 46 Пас онҳо Исоро дастгир карданд. 47 Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерро аз ғилоф кашиду ба сӯи ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла карда, гӯши вайро бурида партофт.
48 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо чӯбу шамшерҳо омадаед? 49 Ман ҳар рӯз бо шумо дар Хонаи Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале, бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд». 50 Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо гузошта гурехтанд.
51 Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошту фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Вақте сарбозон Ӯро дастгир карданд, 52 вай халос хӯрду матои катонӣ дар дасти онҳо монд, худаш тани бараҳна гурехт.
55 Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдо накарданд. 56 Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. 57 Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин тӯҳматҳо карданд: 58 «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам“». 59 Вале шаҳодати онҳо бар хилофи якдигар буд.
60 Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ?» 61 Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?»
62 Исо гуфт: «Ҳастам†14:62 «Ман ҳастам» — ин номест, ки Худо бо он худро номида буд (ниг. Хуруҷ 3:14). ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».
63 Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! 64 Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд.
65 Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.
68 Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт.‡14:68 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад».
69 Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» 70 Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»
71 Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам».
72 Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад.
<- Марқӯс 13Марқӯс 15 ->