2 Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди иҷоракорон фиристод, то ки ҳаққашро аз ҳосили боғ бигирад. 3 Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд. 4 Соҳиби токзор хизматгори дигареро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, бо ӯ беномусона рафтор карданд. 5 Баъд боз хизматгори дигареро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд, ё мекуштанд.
6 Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат, „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод. 7 Вале иҷоракорон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“ 8 Сипас, ӯро дастгир карда куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.
9 Акнун соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Мераваду он иҷоракоронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад.
10 Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед:
12 Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд.
16 Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар рӯи ин акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Императорро».
17 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, ба император бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.
24 Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. 25 Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, дигар на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. 26 Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дар бораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“. 27 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».
29 Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст. 30 Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонатон, бо тамоми ақлу ҳушатон ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидоред“. 31 Дуюмаш чунин мебошад: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумост, мисли худ дӯст бидоред“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтаре нест».
32 Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост. Шумо бисёр хуб гуфтед, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест. 33 Инчунин, Худоро аз таҳти дил, бо тамоми ақлу ҳуш ва қуввати худ дӯст доштан ва шахси наздики худ бударо ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз қурбон кардани ҷонвар ва дигар намудҳои қурбонӣ мебошад».
34 Исо дид, ки шариатдон оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад.
37 Худи Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»
38 Сипас Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. 39 Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. 40 Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо ҷазои сахттар мебинанд».
42 Ҳамин вақт як бевазани бечора ҳам омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт. 43 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳамаи дигарон дида зиёдтар хайрот кард. 44 Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, тамоми ризқу рӯзиашро хайрия кард».
<- Марқӯс 11Марқӯс 13 ->