4 Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд 5 баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?» 6 Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.
7 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд. 8 Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.
9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд:
11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.
17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед».
18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.
19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.
22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад. 24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. 25-26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».[a]
29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. 30 Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?»
31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“ 32 Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).
33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».
<- Марқӯс 10Марқӯс 12 ->- a 11:25–26 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Аммо агар шумо дигаронро набахшед, Падари осмонӣ низ гуноҳҳои шуморо намебахшад».