5 Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯи фарши Хонаи Худо партофту аз он ҷо баромада рафта худро овехт.
6 Сардорони рӯҳонӣ он тангаҳоро чида гирифта қарор карданд, ки аз рӯи шариат ин пулро ба хазинаи Хонаи Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст. 7 Баъд бо розигии ҳама онҳо саҳрои кӯзагарро харида, аз он барои мусофирон қабристон сохтанӣ шуданд. 8 Ана барои ҳамин он саҳро то ба имрӯз «Саҳрои Хун» номида мешавад.
9-10 Ҳанӯз Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: «Аз рӯи фармоне, ки Худо ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағе, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, гирифта ба харидани саҳрои кӯзагар сарф карданд». Пас, ин пешгӯӣ ба амал омад.
13 Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»
14 Аммо Вай ҳатто ба яке аз ин айбдоркуниҳо ҷавобе надод. Ва ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.
19 Ҳанӯз ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ки ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин одами бегуноҳ ҳеҷ коре накунед, чунки имшаб дар хобам ман аз барои Вай бисёр азоб кашидам».
20 Дар ин мобайн сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббос ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. 21 Пилотус бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳардуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?»
22 «Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?» — боз аз онҳо пурсид Пилотус.
23 Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?»
24 Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!» 25 Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Ба марги Ӯ мо ва фарзандонамон ҷавобгар ҳастем!»
26 Бинобар ин Пилотус Бараббосро барояшон озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
35 Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, барои муайян намудани соҳибшавандаи либос, қуръа партофтанд. 36 Сипас нишаста Вайро назорат карда истоданд. 37 Аз болои сари Исо айбномае бар Ӯ навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи Яҳудиён аст». 38 Ҳамроҳи Ӯ ду дуздро низ дар салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.
39 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда 40 мегуфтанд: «Ту мегуфтӣ, ки Хонаи Худоро вайрон карда, дар мобайни се рӯз онро барпо карда метавонӣ? Канӣ, набошад худатро наҷот деҳ-чи! Агар Ту Писари Худо бошӣ, канӣ аз салиб поён фаро-чи!»
41 Айнан ҳамин тавр сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: 42 «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. Ана Шоҳи Исроил. Агар Вай ҳоло аз салиб поён фарояд, мо ба Вай имон меоварем. 43 Ӯ ба Худо умед мебаст ва мегуфт, ки Писари Худо аст. Канӣ ҳоло мебинем, ки Худо Вайро наҷот додан мехоҳад ё не?!»
44 Ҳатто дуздоне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро таҳқир мекарданд.
47 Баъзе аз ҳозирон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ӯ Илёс пайғамбарро ҷеғ зада истодааст». 48 Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд. 49 Лекин дигарон гуфтанд, ки ӯ ин корро накунад, то бубинанд, ки оё Илёс омада Вайро наҷот медиҳад ё не.
50 Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод. 51 Инак, пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо ба қисмҳо тақсим шуданд. 52 Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр одамони муқаддас аз нав зинда гаштанд. 53 Баъд аз он ки Исо аз байни мурдагон боз зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Ерусалим, шаҳри муқаддас даромаданду бисёр касон онҳоро диданд.
54 Вақте сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
55 Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. 56 Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Ёқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
66 Инак, онҳо рафта, санги дари қабрро мӯҳр карданду барои нигаҳбонии он посбонон гузоштанд.
<- Матто 26Матто 28 ->