Link to home pageLanguagesLink to all Bible versions on this site
23
Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ
1 Сипас Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт: 2 «Шариатдонон ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мӯсо ҳақ доранд. 3 Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Бо вуҷуди ин, ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд. 4 Онҳо борҳои гаронеро, ки бардоштанашон вазнин аст, ба дӯши одамон мегузоранд, аммо барои бардошта бурдани онҳо дасти ёрӣ ҳам дароз намекунанд. 5 Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд! 6 Онҳо дар базмҳо болонишиниро нағз мебинанд ва дар ибодатхонаҳо ба ҷойҳои беҳтарин мешинанд. 7 Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро „устод“ гуфта саломашон диҳанд. 8 Аммо шуморо набояд унвонҳои „устод“ диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред. 9 Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред. 10 Шуморо „раис“ ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст. 11 Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад. 12 Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».
Айбдор намудани дурӯягии роҳбарони динӣ
13-14  «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо дари подшоҳии Худоро ба рӯи одамон баста, на худатон аз он медароеду на ба дигарон, ки даромадан мехоҳанд, роҳ медиҳед.*23:13–14 Дар баъзе нусхаҳои дигари навиштаҷот дохил шудааст: «Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо намоишкорона дуру дароз дуо мехонед, вале дар асл хонаҳои бевазанонро хӯрда ғорат мекунед! Барои ин коратон ҷазои сахттар мебинед!»

15 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дуру дароз тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо мегузашта бошад. Лекин, вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.

16 Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. 17 Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? 18 Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. 19 Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?

20 Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; 21 ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. 22 Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад.

23 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед. 24 Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.

25 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст. 26 Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!

27 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонон ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост. 28 Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.

29 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва накӯкорон мақбараҳои зебо сохта онҳоро оро медиҳед. 30 Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед. 31 Бо ин суханонатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон кушандагони пайғамбарон ҳастед. 32 Хӯш, кори сар кардаи аҷдодонатонро ҳоло шумо ба охир расонед! 33 Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед? 34 Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону муаллимонро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед. 35 Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад. 36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!»

Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Ерусалим
37 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ! 38 Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад. 39 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».

<- Матто 22Матто 24 ->