8 Бо наздикшавии шом соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро ҷеғ зану аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар карда то ба онҳое, ки аввал киро кардам, бо навбат музди корашонро деҳ“. 9 Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. 10 Инак, онҳое, ки аввал киро шуда буданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо бо расидани навбати онҳо, ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд. 11 Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд: 12 „Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз арақи ҷабин рехта кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ 13 Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Ҳой, ҷӯра! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки ба як рӯзи кориат як динор диҳам? 14 Ана, пулатро гиру ба хонаат рав. Ба ин марди охирин киро кардаам бошад, ман хостам баробари ту музд диҳам. 15 Чӣ магар ман ҳақ надорам, чи хеле ки хоҳам, ҳамон хел пуламро сарф кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“»
16 Дар хотима Исо гуфт: «Пас, касоне, ки ҳоло дар сафи пеш истодаанд, дар сафи ақиб хоҳанд шуд ва касоне, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш хоҳанд шуд[a]».
21 Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» «Мехоҳам, амр кунӣ, ки ҳангоми подшоҳӣ карданат писарони ман аз дасти чапу рости Ту бишинанд», — ҷавоб дод зан.
22 Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?»
23 Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».
24 Даҳ шогирди дигар ин гуфтугӯйро шунида, ба ин ду бародар сахт қаҳрашон омад. 25 Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва ҳокимони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд. 26 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад 27 ва ҳар кас ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад. 28 Айнан чӣ тавре ки Фарзанди Инсон на барои он омадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».
31 Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!»
32 Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?» 33 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунед».
34 Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд.
<- Матто 19Матто 21 ->- a 20:16 Дар баъзе нусхаҳои қадим дохил шудааст: «Зеро даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон каманд».