3 Баъд чанд нафаре аз фарисиён Исоро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабабе, ки хоҳад, аз занаш ҷудо шавад?» 4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст“? 5 Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. 6 Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
7 Фарисиён боз саволе доданд: «Пас, чаро Мӯсо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард бояд ба занаш талоқномае навишта ҷавоб диҳад?» 8 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби сангдилиатон Мӯсо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. 9 Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар марде бо ҳар сабабе (ғайр аз сабаби бевафоии занаш) аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, вай гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад».
10 Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». 11 «На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, — ҷавоб дод Вай, — фақат касоне, ки Худо ба онҳо насиб гардондааст. 12 Зеро мардон бо сабабҳои гуногун зан намегиранд: баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».
22 Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ҳамин бо шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт.
23 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. 24 Боз мегӯям, ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».
25 Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 26 Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».
27 Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем. Пас насиби мо чист?» 28 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард. 29 Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда зиндагии абадӣ низ насибаш мегардад. 30 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».
<- Матто 18Матто 20 ->