6 Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, сардори лашкар дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин бигӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накашед, зеро ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. 7 Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди шумо биёям. Танҳо як амр кунед ва хизматгори ман шифо меёбад. 8 Охир ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
9 Исо инро шунида бисёр ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад».
10 Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.
16 Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». 17 Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
21 Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳо, дарду азоб ва рӯҳҳои нопок шифо бахшида, чашми нобиноёни зиёдеро бино мекард.
22 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад. 23 Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
28 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».
29 Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд. 30 Вале азбаски фарисиён ва қонуншиносон таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд.
31 Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? 32 Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча нишаста, якдигарро ҷеғ мезананд ва мегӯянд:
33 Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ дев дорад. 34 Фарзанди Инсон омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад ва шумо мегӯед: „Ана марди пурхӯр ва бадмаст дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст“. 35 Вале дуруст будани ҳикмати Худо ба воситаи корҳои тамоми фарзандонаш исбот мешавад».
37 Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад. 38 Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. 39 Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! 40 Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъӯн! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, устод».
41 Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд. 42 Азбаски онҳо барои баргардондани қарз чизе надоштанд, он одам қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» 43 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумонам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ». 44 Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъӯн гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман дар хонаи ту меҳмон шудам, вале барои пойҳоям об наовардӣ; ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш шуст ва бо мӯйҳояш тоза кард. 45 Ту Маро ҳатто набӯсидӣ; ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46 Ту ба сарам ҳатто равғани оддиро намолидӣ; вай бошад, равғани қиматбаҳои хушбӯйро ба пойҳоям молид. 47 Бинобар ин ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст». 48 Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». 49 Онҳое, ки бо Ӯ дар сари як дастархон нишаста буданд, худ ба худ мегуфтанд: «Вай кист, ки гуноҳҳоро мебахшад ҳам?» 50 Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!»
<- Луқо 6Луқо 8 ->