3 Иблис ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». 4 Исо ҷавоб дод: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст». 5 Баъд иблис Вайро ба баландӣ бурда, аз он ҷо дар як лаҳза тамоми мамлакатҳои дунёро ба Ӯ нишон дода, 6-7 гуфт: «Агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ман тамоми ихтиёри ҳукмронӣ кардан ва ҳамаи шӯҳрату ҷалоли онҳоро ба Ту месупорам, зеро он ба ман дода шудааст ва ман метавонам онро ба касе, ки хоҳам, тӯҳфа бикунам». 8 Исо ба вай ҷавоб дод: «Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки
9 Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто. 10 Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки
12 Исо ҷавоб дод: «Не, ҳамчунин гуфта шудааст, ки набояд Худованд Худои худро бисанҷем». 13 Баъд аз ин иблис васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани лаҳзаи мувофиқ аз Исо дур шуд.
16 Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи истироҳат аз рӯи одат ба ибодатхона даромада, барои бо овози баланд хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест. 17 Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
20 Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷои худ нишаст. Дар ибодатхона ҳама бо диққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд 21 ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».
22 Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»
23 Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки дар бораи Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ ва дар ватани худ низ мӯъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“». 24 Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёраш қадр надорад. 25 Ҳақиқатан ҳам, дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки дар муддати севу ним сол борон наборид ва дар рӯи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд, 26 вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сорфато ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард. 27 Дар замони Элишои пайғамбар ҳам дар Исроил махавиёни зиёде буданд, вале ба ғайр аз Наамони суриёнӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфтанд».
28 Онҳое, ки дар ибодатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд. 29 Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд. 30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.
37 Овозаи Исо дар тамоми он ноҳия паҳн мешуд.
40 Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо меоварданд. Ӯ дасти худро болои сари ҳар яке аз онҳо мегузошту шифояшон медод. 41 Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод.
44 Ва Ӯ дар ибодатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард.
<- Луқо 3Луқо 5 ->