3 Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. 4 Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст:
7 Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? 8 Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. 9 Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».
10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» 11 Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду ҷома дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки ба он мӯҳтоҷ аст ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин бикунад». 12 Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?» 13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муайян карда шудааст, аз мардум наситонед». 14 Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву тӯҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».
15 Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё худ ба худ фикр мекарданд, ки шояд Яҳё Таъиншудаи Худо аст. 16 Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале тавонотаре аз ман меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод. 17 Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Вай бо он хирмани худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
18 Ҳамин тавр Яҳё мардумро панду насиҳат карда, ба онҳо хушхабарро мерасонд.
19 Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард. 20 Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт.