4 Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед. 5 Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз он касе тарсед, ки баъд аз куштан шуморо ба дӯзах партофта метавонад. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ бояд битарсед.
6 Магар ба ду танга панҷ гунҷишк фурӯхта намешавад? Вале Худо ҳар як гунҷишкро ҳам дар хотираш нигоҳ медорад 7 ва ҳар тори мӯйи саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст. Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
8 Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад. 9 Лекин, ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Фарзанди Инсон низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунад.
10 Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди Инсон сухане бигӯяд, бахшида мешавад, лекин касе, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона бигӯяд, бахшида нахоҳад шуд.
11 Вақте шуморо ба ибодатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон меоранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед. 12 Зеро Рӯҳи Муқаддас ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон лаҳза чӣ бояд бигӯед».
16 Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард. 17 Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“ 18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам — анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойигариамро ба он ҷо бурда, 19 ба худ мегӯям: Акнун ту бойигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон“. 20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
25 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед?[a] 26 Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?
27 Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд,[b] лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 28 Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад! 29 Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед. 30 Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд. 31 Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32 Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад. 33 Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад. 34 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
37 Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад. 38 Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад. 39 Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай[c] намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд. 40 Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».
43 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад. 44 Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд. 45 Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад, 46 ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад. 47 Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад. 48 Аммо хизматгоре, ки иродаи соҳибашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.