Link to home pageLanguagesLink to all Bible versions on this site
11
Таълими Исо дар бораи тарзи дуогӯӣ
1 Рӯзе дар ҷое Исо машғули дуогӯӣ буд. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳамон тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд дода буд, Ту низ ба мо тарзи дуогӯйиро ёд деҳ». 2 Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин бигӯед:
Эй Падар!
Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.
Бигзор подшоҳии Ту биёяд;
3 Ба мо ризқу рӯзии ҳаррӯзаамонро*11:3 Ё «пагоҳиамонро» бидеҳ
4 ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд
ва моро ба озмоиш дучор накун».

5 Пас ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман се дона нон қарз деҳ, 6 чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам“. 7 Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ, чунки дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷойгаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста ба ту нон диҳам“. 8 Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯи дӯстӣ хеста чизе надиҳад, азбаски беист талаб мекунед, маҷбур мешавад, ки хезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо диҳад. 9 Бинобар ин Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. 10 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад; ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад; ва ҳар касе, ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.

11 Оё дар байни шумо чунин падаре ёфт мешавад, ки агар писараш аз ӯ 11:11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «нон бипурсад, ба ҷои нон санг диҳад ё агар…» моҳӣ бипурсад, ба ҷои моҳӣ ба дасташ мори заҳрдор диҳад? 12 Ё агар писараш тухм бипурсад, ба ҷояш каждум ба ӯ диҳад? 13 Пас, агар шумо бо ҳамаи дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чизҳои хуб дода тавонед, наход Падари осмонӣ Рӯҳи Муқаддасро чанд маротиба зиёдтар ба онҳое надиҳад, ки аз Ӯ талаб мекунанд».

Исо ва Баал-Забул
14 Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд. 15 Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо девҳоро бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо берун мекунад». 16 Дигарон бошанд, Ӯро озмуданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо нишонае диҳад. 17 Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад. 18 Инак, агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар давлаташ устувор монда метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. 19 Агар Ман девҳоро бо қудрати Баал-Забул берун мекарда бошам, пас, пайравони худатон-чи? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Бигзор онҳо шуморо ҳукм кунанд. 20 Аммо, агар Ман бо қувваи Худо девҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки подшоҳии Худо аллакай ба ҳаёти шумо омадааст.

21 Вақте ки марди пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад. 22 Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, аз вай кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад.

23 Касе, ки тарафдори Ман нест, дар асл муқобили Ман аст ва касе, ки дар ҷамъ овардани одамон ба Ман ёрӣ намедиҳад, дар асл онҳоро пароканда мекунад.

Бозгаштани рӯҳи нопок
24 Фарз кардем, рӯҳи нопок аз шахсе берун карда мешавад. Баъд ин рӯҳ бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, ба худ мегӯяд: „Э, ба хонаи пештараам бармегардам“, — 25 ва баргашта мебинад, ки ин хона ба тартиб овардаву рӯбучиншуда аст. 26 Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш ҳам бадтар хоҳад шуд».
Хушбахтии ҳақиқӣ
27 Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Шуморо таваллуд карда шир додааст!» 28 Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯи он амал мекунанд, хушбахттаранд».
Мардум нишонаи осмонӣ талаб мекунанд
29 Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Чӣ бад аст насли ҳозира, ки нишонаеро талаб мекунад, вале ғайр аз нишонаи Юнуси пайғамбар ба онҳо нишонаи дигаре дода намешавад. 30 Зеро, ҳамон тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве нишонае буд, Фарзанди Инсон низ бар ин насл нишонае хоҳад шуд. 31 Дар рӯзи ҷазо маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Сулаймон дар ин ҷост! 32 Дар рӯзи ҷазо бошад, шаҳрвандони Нинве бархеста, насли шуморо айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки каси бузургтар аз Юнус дар ин ҷост!
Чароғи бадан
33 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷои чашмнорас ва ё ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпояе мегузорад, то онҳое, ки ба хона медароянд, равшаниро бубинанд. 34 Чашм чароғи бадан аст. Чун чашм солим аст, бадани одам пур аз равшанӣ мегардад, вале агар солим набошад, одамро торикӣ фаро мегирад. 35 Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад! 36 Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд».
Роҳбарони диниро таъна задани Исо
37 Вақте ки Исо ин суханонро мегуфт, яке аз фарисиён Ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват намуд ва Исо ба хонаи ӯ даромада, ба сари дастархон нишаст. 38 Фарисӣ ҳайрон шуд, ки Исо пеш аз хӯрдани хӯрок даст нашуст. 39 Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст. 40 Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст? 41 Пас он чӣ дар даруни коса доред ба камбағалон садақа диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад.

42 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз ҳосили пудинаву кашнизу дигар намуди гиёҳҳо ҳиссаи даҳумро ба Худо месупоред, аммо таълимотро дар бораи адолат ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.

43 Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ибодатхонаҳо болонишин бошеду дар бозорҳо ба шумо салом диҳанд.

44 Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои белавҳасанг монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».

45 Он гоҳ яке аз қонуншиносон ба Исо гуфт: «Устод! Шумо бо ин суханонатон моро ҳам таҳқир мекунед». 46 Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй шариатдонон, ки бори бениҳоят вазнинро ба гардани мардум бор мекунеду дастатонро ҳам намеҷунбонед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.

47 Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд. 48 Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо корҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. 49 Барои ҳамин Ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону вакилонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“. 50 Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷазо хоҳанд дид, 51 яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷои Хонаи Худо кушта шуда буданд. Бале, бидонед, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод.

52 Вой бар ҳоли шумо, эй қонуншиносон, ки калиди дарвозаи донишро бо худ бурда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед».

53 Вақте Исо аз он ҷо мерафт, шариатдонон ва фарисиёни бағазабомада Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд. 54 Онҳо мехостанд аз забони Исо сухани нолоиқеро шунида, ба Ӯ тӯҳмат кунанд.

<- Луқо 10Луқо 12 ->