14 Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ». 15 Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст. 16 Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд. 17 Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман ҳамеша кор мекунад ва Ман низ ҳамеша кор мекунам». 18 Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард.
24 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ сухани Маро мешунавад ва ба фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Ӯ ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25 Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад. 26 Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст. 27 Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст. 28-29 Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд.
30 Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.
36 Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст! 37 Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед. 38 Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба каси фиристодааш имон намеоваред. 39 Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки дар он ҳаёти абадӣ меёбед. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ба ҳаёт соҳиб шавед.
41 Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам. 42 Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред! 43 Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед. 44 Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
45 Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед! 46 Агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд. 47 Вале, агар шумо ба он чӣ, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»
<- Юҳанно 4Юҳанно 6 ->- a 5:3–4 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот пурра ё қисман дохил шудааст, ки: «Онҳо мунтазири ба ҷунбиш омадани об буданд, зеро фариштаи Худованд дар мавриди муайян ба ҳавз поён фаромада, обро меҷунбонд ва касе, ки баъди ҷунбиши об якум шуда ба об медаромад, аз ҳар беморие, ки дошт, шифо меёфт».