13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд. 14 Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».
15 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об диҳед, ки дигар ташна нашавам ва барои об ба ин чоҳ наоям!» 16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё». 17 «Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан.
25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад». 26 «Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам», — ҷавоб дод Исо.
27 Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане сӯҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан сӯҳбат мекунад. 28 Зан кӯзаи худро монду ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт: 29 «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30 Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд. 31 Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!» 32 Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред». 33 Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст. 35 Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст! 36 Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд. 37 Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“. 38 Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39 Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40 Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд. 41 Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯи суханони худи Ӯ имон оварданд. 42 Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на аз барои суханони ту имон меоварем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
46 Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд. 47 Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад. 48 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Шумо то ягон нишона ва мӯъҷизае набинед, имон намеоваред». 49 «Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» — гуфт амалдори дарбор. 50 Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат намемирад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, сӯи хонааш раҳсипор шуд.
51 Ҳанӯз дар аснои роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифта гуфтанд, ки писари ӯ зинда аст. 52 Амалдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд». 53 Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин ҳамон соат рӯй дод, ки Исо ба ӯ «Писарат намемирад» гуфта буд. Пас ӯ бо тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд. 54 Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд.
<- Юҳанно 3Юҳанно 5 ->