4 Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст. 5 Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», — ҷавоб доданд онҳо. 6 Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд. 7 Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт. 8 Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.
9 Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд. 10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред». 11 Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро аз об ба соҳил кашид. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст. 13 Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.
19 Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».
23 Бинобар ин дар байни имондорони Исо овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад?» 24 Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.
25 Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам, дар тамоми олам барои ин миқдор китоб ҷой ёфт намешуд.
<- Юҳанно 20