6 Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯи урфу одати яҳудиён онро барои расму таомули покшавӣ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литр ғунҷоиш дошт. 7 Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд. 8 «Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред», — гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд. 9 Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, фақат хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду 10 ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хушсифатро оварда мегузораду баъд, вақте ки меҳмонон бисёр нӯшиданд, шароби пастсифатро меорад, аммо ту шароби хушсифатро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11 Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12 Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.
17 Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи ҳавасмандӣ ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад».
18 Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом нишона ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?» 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин Хонаи Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар муддати се рӯз аз нав барпо мекунам». 20 «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» — гуфтанд онҳо. 21 Аммо Ӯ «Хонаи Худо» гуфта бадани худро дар назар дошт. 22 Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту гуфтаҳои Исо имон оварданд.
23 Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд. 24 Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд. 25 Бинобар ин Ӯ мӯҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон шоҳидӣ диҳад. Ӯ худ медонист, ки дар дили инсон чӣ ҳаст.
<- Юҳанно 1Юҳанно 3 ->