1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки роҳзада нашавед. 2 Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд. 3 Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд. 4 Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам.
12 Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо онҳоро ғунҷонда наметавонед. 13 Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад. 14 Ӯ Маро шӯҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. 15 Ҳар чӣ Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад».
19 Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ гуфта чиро дар назар доштам? 20 Ба шумо рост мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. 21 Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро мезояд, азобу шиканҷаро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. 22 Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
23 Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. 24 То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».
29 «Акнун Шумо кушоду равшан ва бе рамзҳо гап зада истодаед, — гуфтанд ба Ӯ шогирдон. 30 — Ҳоло мо фаҳмидем, ки Шумо ҳама чизро медонед ва ҳоҷати аз Шумо пурсидан нест. Бинобар ин мо имон дорем, ки Шумо аз назди Худо омадаед». 31 «Шумо акнун имон овардед? — гуфт дар ҷавоби онҳо Исо. 32 — Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. 33 Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо дар Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо мардонагиро аз даст надиҳед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»
<- Юҳанно 15Юҳанно 17 ->