6 Исо ба онҳо ин масалро нақл кард, аммо онҳо маънои гуфтаҳояшро нафаҳмиданд.
7 Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дарвоза ҳастам. 8 Ҳамаи онҳое, ки пеш аз Ман омада буданд, дузд ва роҳзан ҳастанд, лекин гӯсфандон онҳоро гӯш накарданд. 9 Ман дарвоза ҳастам. Ҳар касе ки ба воситаи Ман медарояд, наҷот меёбад. Ӯ ҳам медарояду ҳам мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад. 10 Дузд фақат барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд. Ман омадаам, ки гӯсфандонам ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёти фаровон.
11 Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. 12 Одами кирошуда, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад. 13 Одами кирошуда аз он сабаб мегурезад, ки парвои гӯсфандонро надорад. 14-15 Ман чӯпони нек ҳастам ва чӣ тавре ки Падар Маро мешиносаду Ман Падарро мешиносам, ҳамон тавр Ман гӯсфандони худро мешиносаму онҳо Маро мешиносанд. Ман ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16 Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд; Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овози Ман гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд!
17 Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам. 18 Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
19 Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар низоъ ба вуҷуд омад. 20 Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?» 21 «Ин суханони шахси девона нестанд, — норозӣ шуданд дигарон. — Магар дев чашмони кӯрро бино карда метавонад?»
31 Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд. 32 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас, барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?» 33 Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои сухани кофиронаат, ки Ту инсон ҳастиву даъвои худоӣ мекунӣ!» 34 Исо ҷавоб дод: «Магар дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед?“ 35 ва ин навиштаҷот ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад, 36 чӣ тавр шумо суханони Маро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ гуфтам, кофирона мегӯед? Ба Ман, ба он касе мегӯед, ки Падар ҷудо карда, ба ҷаҳон фиристодааст?! 37 Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред! 38 Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам».
39 Онҳо бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале Ӯ худро аз дасти онҳо раҳо кард.
40 Исо боз ба он тарафи дарёи Урдун, ки Яҳё дар он ҷо пештар мардумро таъмид медод, рафта, дар ҳамон ҷо монд. 41 Мардуми зиёде пеши Ӯ омаданд. Онҳо мегуфтанд, ки Яҳё ҳеҷ мӯъҷизае нишон надода буд, вале ҳамаи суханони Яҳё дар бораи ин шахс гуфтааш дурустанд. 42 Он гоҳ шумораи бисёри одамон дар он ҷо ба Исо имон оварданд.
<- Юҳанно 9Юҳанно 11 ->