4 Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худои пурқудрат расидааст. 5 Ана шумо умри худро дар ин дунё бо кайфу сафо ва айшу ишрат гузаронда, худро мисли ҷонвароне, ки барои куштан парвариш мешаванд, барои рӯзи ҷавобдиҳӣ парвариш кардаед. 6 Одами бегуноҳро, ки ба шумо зиддият нишон намедод, ҳукм карда, ба қатл расонидаед.
10 Хӯш, бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд. 11 Шумо медонед, ки мо онҳоеро пурбаракат мешуморем, ки ба азобҳо тоб меоваранд. Тавре ки шумо шунидаед, чӣ гуна Айюб пайғамбар бо сабру тоқат аз азобҳо гузашт ва медонед, ки Худованд дар охир барояш чӣ кор кард[a]. Худованд пур аз раҳму шафқат аст.
12 Аз ҳама муҳимаш, бародаронам, ҳеҷ қасам нахӯред, на бо Худо, на бо замин ва на бо ҳеҷ чизи дигар. Бигзор «ҳа» гуфтани шумо «ҳа» бошад ва «не» гуфтанатон «не» бошад. Вагарна шумо ҳукм мешавед.
17 Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид. 18 Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод.
19 Пас, эй бародаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад, 20 вай гунаҳкорро аз роҳи хато баргардонда, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдаш бахшида мешаванд.
<- Ёқуб 4- a Айюб пайғамбар фарзандон ва молу мулкашро аз даст дода, инчунин ба касалии сахт гирифтор шуда буд. Аммо баъд аз ин азобҳо Худо ӯро шифо бахшида, бисёр баракат дода буд.