5 Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад. 6 Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд.
7 Инсон ҳар гуна ҳайвоноту паррандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад, 8 лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст. 9 Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро*Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Худованд Худоро» омадааст. ҳамду сано мехонем ва ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба шакли Худо офарида шудааст. 10 Пас, аз як забон ҳам ҳамду сано ва ҳам лаънат мебарояд. Бародаронам, ин хел набояд бошад. 11 Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?! 12 Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад.
17 Аммо хираду ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад. 18 Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки адолат аст, ба даст меоваранд.
<- Ёқуб 2Ёқуб 4 ->- a Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Худованд Худоро» омадааст.