4 Онҳо ҳар рӯз инро ба ӯ мегуфтанду лекин вай ба гапашон ҳеҷ аҳамият намедод. Мордахай гуфта буд, ки ӯ яҳудӣ аст. Аз ин рӯ, дарбориён корҳои Мордахайро ба Ҳаман расониданд, то бубинанд, ки оё Мордахай дар гапаш меистад ё не. 5 Вақте Ҳаман дид, ки Мордахай пеши вай на таъзим мекунаду на зону мезанад, сахт ба ғазаб омад. 6 Лекин куштани танҳо Мордахайро барои худ басанда нашуморид. Ба Ҳаман гуфта буданд, ки Мордахай аз кадом халқ аст. Барои ҳамин Ҳаман нақшаи нобуд кардани тамоми халқи яҳудӣ, яъне халқи Мордахайро кашид, ки дар саросари шоҳигарии Аҳашверӯш зиндагӣ мекарданд.
8 Сипас Ҳаман ба шоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Халқе ҳаст, ки дар ҳамаи вилоятҳои сарзамини шоҳ, байни мардум пароканда шудаасту аз дигарон худро ҷудо мекунад. Урфу одаташон аз дигар халқҳо фарқ дорад ва ба қонуну қоидаи шоҳ гӯш намедиҳанд. Бинобар ин, бар манфиати шоҳ нест, ки онҳоро тоқат кунад. 9 Агар ба шоҳ писанд афтад, бигузор фармоне барорад, ки ин халқ пурра нобуд шавад. Ман бошам, ба дасти хизматгорони шоҳ сию панҷ ҳазор кило нуқра медиҳам, то ки ба хазинаи шоҳ гузоранд».
10 Инак, шоҳ ангуштаринро, ки мӯҳри расмиаш буд, аз дасташ кашида ба Ҳаман — писари Ҳамдотои аҷоҷӣ, душмани яҳудиён дода, гуфт: 11 «Пулро ба худат мон ва ҳар чи ки мехоҳӣ, бо ин халқ бикун».
12 Сипас ҳабдаҳуми апрел‡Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи сенздаҳуми моҳи якум буд. котибони шоҳро ҷамъ карданд. Онҳо фармонро аз рӯйи ҳамаи гуфтаҳои Ҳаман бо хати ҳар як вилоят ва бо забони ҳар як халқ, ба ҳокимони вилоятҳои подшоҳ, ҳокимони ноҳияҳо ва ба мирони халқҳо навиштанд. Фармонро аз номи шоҳ Аҳашверӯш навишта, бо ангуштаринаш мӯҳр заданд. 13 Хабаррасонон номаҳои тайёршударо ба ҳамаи вилоятҳои шоҳ бурданд. Дар номаҳо навишта шуда буд, ки ҳамаи яҳудиён, пиру ҷавон ва занону кӯдаконро дар муддати як рӯз — ҳафтуми марти соли оянда§Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд. кушта, несту нобуд гардонанд. Илова бар ин, ҳамаи дороияшонро бо зӯрӣ кашида гиранд. 14 Нақша чунин буд, ки нусхаи ин ҳуҷҷат ҳамчун қонун дар ҳар вилоят бароварда, ба ҳамаи халқҳо эълон шавад, то ки онҳо барои он рӯз тайёрӣ бинанд. 15 Хабаррасонон бо фармони шоҳ зуд равона шуданду ҳамзамон онро дар қалъаи Шушан эълон карданд. Подшоҳ бо Ҳаман нишаста, шароб менӯшиданд, лекин сокинони шаҳри Шушан ҳайрону саргардон шуданд.
<- Эстер 2Эстер 4 ->- a Мувофиқи тақвими яҳудиён моҳи «нисон» буд, яъне моҳи якум, ки ба баҳор (тақрибан аз 15-уми март то 15-уми апрел) рост меояд.
- b Мувофиқи тақвими яҳудиён моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.
- c Мувофиқи тақвими яҳудиён рӯзи сенздаҳуми моҳи якум буд.
- d Аз рӯйи тақвими ибрӣ рӯзи сенздаҳуми моҳи дувоздаҳум, яъне моҳи «адор» буд.