Link to home pageLanguagesLink to all Bible versions on this site
Номаи сеюми

Юҳанно
Пешгуфтор

1 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғаюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.

2 Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад. 3 Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам. 4 Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.

Тарзи қабул кардани бародарони мусофир
5 Дӯсти азиз, ту дар он рафторе, ки нисбат ба бародарон мекунӣ, асосан ба бародарони бароят ношинос бовафо ҳастӣ. 6 Ин бародарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад. 7 Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимондорон чизе қабул накарданд. 8 Бинобар ин мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.

9 Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Деотрефес, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд. 10 Пас, дар сурати омаданам, ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.

Давом додани рафтори хуб
11 Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. 12 Ана Деметрусро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.

13 Боз зиёд чиз ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯи коғаз нависам. 14 Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем. 15 Саломат бош. Дӯстони инҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони онҷоро як ба як салом гӯй*Дар баъзе нусхаҳо дар охири ҷумла «Омин» омадааст..