6 Исои Масеҳ ҳамонест, ки ба воситаи обу хун омадааст. Ӯ на фақат ба воситаи об, балки ба воситаи обу хун омадааст. Инро Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ҳақ аст. 7 Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад:[a] 8 Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд. 9 Мо шаҳодати инсонро қабул мекунем, вале шаҳодати Худо чӣ қадар бештар боварибахш аст. Охир дар ин ҷо худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат додааст. 10 Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард. 11 Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. 12 Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад.
16 Агар шумо бинед, ки бародаратон гуноҳе мекунад, ки ба марг намебарад, бояд барояш дуо кунед ва Худо ба ӯ ҳаёт мебахшад, яъне ба оне, ки гуноҳи ба марг набаранда мекунад. Чунки гуноҳе ҳаст, ки ба марг мебарад ва ман намегӯям, ки барои чунин гуноҳ бояд дуо кунед. 17 Ҳамаи корҳои нодуруст гуноҳ ҳастанд, вале ин гуноҳест, ки ба марг намебарад. 18 Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва Шахси Бад ба онҳо даст расонда наметавонад. 19 Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти Шахси Бад мебошад. 20 Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.
21 Фарзандони азиз, худро аз бутпарастӣ эҳтиёт кунед[b].
<- 1 Юҳанно 4- a Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар оятҳои 7 ва 8 омадааст: «Зеро се шоҳид аст, ки шаҳодат медиҳад: дар осмон Падар, Калом ва Рӯҳи Муқаддас ва ҳар сеи Онҳо як ҳастанд ва се шоҳид дар замин аст: Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд».
- b Дар баъзе нусхаҳои қадимии навиштаҷот дохил шудааст: «Омин.»